|
|
|
|
|
|
|
|
|
Дафтари сеюм |
|
|
Ташбеҳ кардан Қуръони маҷидро ба асои Мӯсо ва вафоти Мустафоро алайҳиссалом намудан ба хоби Мӯсо ва қосидон тағйири Қуръонро ба он ду соҳирбачча, ки қасди бурдани асо карданд, чун Мӯсоро хуфта ёфтанд Мустафоро ваъда кард алтофи Ҳақ: «Гар бимирӣ ту, намирад ин сабақ. Ман китобу мӯъҷизатро рофеъам, «Бешу кам кун»-ро зи Қуръон монеъам. Ман туро андар ду олам ҳофизам, Тоъинонро аз ҳадисат рофизам. Кас натонад бешу кам кардан дар ӯ, Ту беҳ аз ман ҳофизе дигар маҷӯ. Равнақатро рӯз-рӯз афзун кунам, Номи ту бар зарру бар нуқра занам. Минбару меҳроб созам баҳри ту, Дар муҳаббат қаҳри ман шуд қаҳри ту. Номи ту аз тарс пинҳон мегуванд, Чун намоз оранд, пинҳон мешаванд. Аз ҳаросу тарси куффори лаъин Дин-т пинҳон мешавад зери замин. Ман манора пур кунам офоқро, Кӯр гардонам ду чашми оқро. Чокаронат шаҳрҳо гиранду ҷоҳ, Дини ту гирад зи моҳӣ то ба моҳ. То қиёмат боқияш дорем мо, Марди бино дид арзи роҳро, Пас бидонад ӯ мағоку чоҳро. Пову зонуаш наларзад ҳар даме, Рӯ туруш кай дорад ӯ аз ҳар ғаме? Хез Фиръавно, ки мо он нестем, Ки ба ҳар бонгеву ғуле бистем. Хирқаи моро бидар, дӯзанда ҳаст В-арна моро худ бараҳнатар беҳ аст. Белибос ин хобро андар канор Хуш дарорем, эй адувви нобакор. Хуштар аз таҷрид аз тан в-аз мизоҷ Нест, эй Фиръавн беилҳом гиҷ!
Саҳифаи 48/229 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|