|
Масал дар баёни он ки ҳайрат монеъи баҳс ва фикрат аст То ба Фиръавн омаданд он соҳирон, Додашон ташрифҳои бас гарон. Ваъдаҳошон карду пешин ҳам бидод Бандагон в-аспону нақду ҷинсу зод. Баъд аз он мегуфт: «Ҳин! Эй собиқон, Гар фузун оед андар имтиҳон, Барфишонам бар шумо чандон ато, Ки бидаррад пардаи ҷуду сахо». Пас бигуфтандаш: «Ба иқболи ту шоҳ, Ғолиб оему шавад кораш табоҳ. Мо дар ин фан сафдарему паҳлавон, Кас надорад пойи мо андар ҷаҳон». Зикри Мӯсо банди хотирҳо шудаст, К-ин ҳикоятҳост, ки пешин будаст. Зикри Мӯсо баҳри рӯпӯш аст, лек Нури Мӯсо нақди туст, эй марди нек. Мӯсиву Фиръавн дар ҳастии туст, Бояд ин ду хасмро дар хеш ҷуст. То қиёмат ҳаст аз Мӯсо нитоҷ, Нур дигар нест, дигар шуд сироҷ. Ин сафолу ин палита дигар аст, Лек нураш нест, дигар з-он сар аст. Гар назар дар шиша дорӣ, гум шавӣ З-он ки аз шишаст аъдоди дувӣ. В-ар назар бар нур дорӣ, вораҳӣ, Аз дувӣ в-аъдоди ҷисми мунтаҳӣ. Аз назаргоҳ аст, эй мағзи вуҷуд, Ихтилофи мӯъмину габру ҷуҳуд.
Саҳифаи 52/229 |