|
Достони машғул шудани ошиқе ба ишқнома хондан ва мутолиъа кардани ошиқнома дар ҳузури маъшуқи хеш ва маъшуқ онро нописанд доштан ва гуфтан, ки талабу-д-далели инда ҳузури-л-мадлул қабеҳун ва-л-иштиғолу би-л-ъилми баъда-л-вусули ила-л-маълуми мазмум Дӣ суоле кард соил мар маро, З-он ки ошиқ буд ӯ бар моҷаро. Гуфт нуктай «ар-ризо би-л-куфри куфр», Ин паямбар гуфту гуфти ӯст мӯҳр. Боз фармуд ӯ, ки андар ҳар қазо Мар мусулмонро ризо бояд, ризо. На қазои Ҳақ бувад куфру нифоқ? Гар бад-ин розӣ шавам, бошад шиқоқ. В-ар наям розӣ, бувад он ҳам зиён, Пас чӣ чора бошадам андар миён?» Гуфтамаш: «Ин куфр мақзӣ, на қазост, Ҳаст осори қазо ин куфр, рост». Пас қазоро хоҷа! Аз мақзӣ бидон, То шиколат дафъ гардад дарзамон. Розиям дар куфр, з-он рӯ ки қазост, На аз ин рӯ ки низоъу хубси мост. Куфр аз рӯйи қазо худ куфр нест, Ҳаққро кофир махон, ин ҷо маист. Куфр ҷаҳл асту қазои куфр илм, Ҳар ду кай як бошад охир ҳилму хилм? Зиштии хат, зиштии наққош нест, Балки аз вай зиштро бинмуданист. Қуввати наққош бошад, он ки ӯ Ҳам тавонад зишт кардан, ҳам накӯ, Гар кашонам баҳси инро ман ба соз, То суолу то ҷавоб ояд дароз. Завқи нуктай ишқ аз ман меравад, Нақши хидмат нақши дигар мешавад.
Саҳифаи 54/229 |