|
Мисоли ранҷур шудани одамӣ ба ваҳми таъзими халқ ва рағбати муштариён ба вай ва ҳикояти муаллим То ки рӯзе ногаҳон дар чоштгоҳ Ин дуъо мекард бо зориву оҳ. Ногаҳон дар хонааш гове давид, Шох зад, бишкаст дарбанду калид. Гови густох андар он хона биҷаст, Мард дарҷасту қавоимҳош баст. Пас гулӯи гов бибрид он замон, Бе таваққуф, бе тааммул, бе амон. Чун сараш бибрид, шуд сӯйи қасоб, То иҳобаш барканад дардам шитоб.
Саҳифаи 59/229 |