|
Дар ваҳм афгандани кӯдакон устодро Илмро ду пар, гумонро як пар аст, Ноқис омад зан(н), ба парвоз абтар аст. Мурғи якпар зуд афтад сарнигун, Боз барпаррад ду гоме ё фузун. Афтхезон меравад мурғи гумон Бо яке пар бар умеди ошён. Чун зи зан вораст, илмаш рӯ намуд, Шуд дупар он мурғи якпар, пар гушуд. Баъд аз он «ямши савийян мустақим», На «ало ваҷҳиҳ мукиббан, ав сақим». Бо ду пар бармепарад чун Ҷабрайил, Бегумону бе магар, бе қолу қил. Гар ҳамай олам бигӯяндаш тувӣ Бар раҳи Яздону дини муставӣ. ӯ нагардад гармтар аз гуфташон, Ҷони тоқи ӯ нагардад ҷуфташон. В-ар ҳама гӯянд ӯро гумраҳӣ, Кӯҳ пиндориву ту барги каҳӣ. ӯ наяфтад дар гумон аз таънашон, ӯ нагардад дардманд аз заънашон. Балки гар дарёву кӯҳ ояд ба гуфт, Гӯядаш бо гумраҳе гаштӣ ту ҷуфт. Ҳеч як зарра наяфтад дар хаёл, Ё ба таъни тоъинон ранҷурҳол.
Саҳифаи 61/229 |