|
Бемор шудани Фиръавн ҳам ба ваҳм аз таъзими халқон Кӯдакони мактабе аз устод Ранҷ диданд аз малолу иҷтиҳод. Машварат карданд дар таъвиқи кор, То муаллим дарфитад дар изтирор. Чун намеояд варо ранҷурие? То нагирад чанд рӯз ӯ дурие. То раҳем аз ҳабсу тангиву зи кор, Ҳаст ӯ чун санги хоро барқарор. Он яке зирактар ин тадбир кард, Ки бигӯяд: «Усто! Чунӣ ту зард Хайр бошад, ранги ту бар ҷой нест, Ин асар ё аз ҳаво ё аз табест». Андаке андар хаёл афтад аз ин, Ту бародар! Ҳам мадад кун инчунин. Чун дароӣ аз дари мактаб, бигӯ: «Хайр бошад, усто! Аҳволи ту?! Он хаёлаш андаке афзун шавад, К-аз хаёле оқиле маҷнун шавад. Он севум в-он чоруму панҷум чунин, Дар пайи мо, ғам намоянду ҳанин. То чу сӣ кӯдак тавотур ин хабар Муттафиқ гӯянд, бояд мустақар». Ҳар яке гуфташ, ки шо бош, эй закӣ, Бод бахтат бар иноят муттакӣ. Муттафиқ гаштанд дар аҳди васиқ, Ки нагардонад суханро як рафиқ. Баъд аз он савганд дод ӯ ҷумларо, То ки ғаммозе нагӯяд моҷаро. Ройи он кӯдак бичарбид аз ҳама, Ақли ӯ дар пеш мерафт аз рама. Он тафовут ҳаст дар ақли башар, Ки миёни шоҳидон андар сувар. З-ин қибал фармуд Аҳмад дар мақол: «Дар забон пинҳон бувад ҳусни риҷол».
Саҳифаи 62/229 |