|
Ранҷур шудани устод ба ваҳм Ихтилофи ақлҳо дар асл буд, Бар вифоқи сунниён бояд шунуд. Бар хилофи қавли аҳли эътизол, Ки уқул аз асл доранд эътидол. Таҷриба-в таълим бешу кам кунад, То якеро аз яке аълам кунад. Ботил аст ин з-он ки ройи кӯдаке, Ки надорад таҷриба дар маслаке. Бардамид андешае з-он тифли хурд, Пир бо сад таҷриба бӯйе набурд. Худ фузун он беҳ, ки он аз фитрат аст, То зи афзунӣ, ки ҷаҳду фикрат аст. Ту бигӯ, додай Худо беҳтар бувад? Ё ки ланге роҳворона равад?
Саҳифаи 63/229 |