|
Дар ҷомаи хоб афтодани устод ва нолидани ӯ аз ваҳми ранҷурӣ Рӯз гашту омаданд он кӯдакон Бар ҳамин фикрат зи хона то дукон. Ҷумла истоданд берун мунтазир, То дарояд аввал он ёри мусир. З-он ки манбаъ ӯ будаст ин ройро, Сар имом ояд ҳамеша пойро. Эй муқаллид! Ту маҷӯ бешӣ бар он, К-ӯ бувад манбаъ зи нури осмон. ӯ даромад, гуфт усторо: «Салом, Хайр бошад! Ранги рӯят зардфом». Гуфт усто: «Нест ранҷе мар маро, Ту бирав биншин, магӯ ёва, ҳало!» Нафй кард, аммо ғубори ваҳми бад Андаке андар дилаш ногоҳ зад. Андаромад дигаре, гуфт инчунин, Андаке он ваҳм афзун шуд бад-ин. Ҳамчунин то ваҳми ӯ қувват гирифт, Монд андар ҳоли худ бас дар шигифт.
Саҳифаи 64/229 |