|
Дувум бор дар ваҳм афгандани кӯдакон устодро, ки ӯро аз Қуръон хондани мо дарди сар афзояд Саҷдаи халқ аз зану аз тифлу мард Зад, дили Фиръавнро ранҷур кард. Гуфтани ҳар як: «Худованду малик» Ончунон кардаш зи ваҳме мунҳатик. Ки ба даъвои илоҳӣ шуд далер, Аждаҳо гашту намешуд ҳеч сер. Ақли ҷузвӣ, офаташ ваҳм асту зан, З-он ки дар зулмот шуд ӯро ватан. Бар замин гар ним газ роҳе бувад, Одамӣ беваҳм омин меравад. Бар сари девори олӣ гар равӣ, Гар ду газ арзаш бувад, каж мешавӣ. Балки меафтӣ зи ларзай дил ба ваҳм, Тарси ваҳмиро накӯ бингар, бифаҳм.
Саҳифаи 65/229 |