|
Халос ёфтани кӯдакон аз мактаб бад-ин макр Гашт усто суст аз ваҳму зи бим Барҷаҳиду мекашонид ӯ гилем. Хашмгин бо зан, ки меҳри ӯст суст, Ман бад-ин ҳолам, напурсиду наҷуст. Худ маро огаҳ накард аз ранги ман, Қасд дорад, то раҳад аз нанги ман. ӯ ба ҳусну ҷилваи худ маст гашт, Бехабар, к-аз бом афтодам чу ташт. Омаду дарро ба тундӣ вогушод, Кӯдакон андар пайи он устод. Гуфт зан: «Хайр аст. Чун зуд омадӣ? Ки мабодо зоти некатро бадӣ». Гуфт: «Кӯрӣ? Рангу ҳоли ман бибин, Аз ғамам бегонагон андар ҳанин. Ту даруни хона аз буғзу нифоқ Менабинӣ ҳоли ман дар эҳтироқ?» Гуфт зан: «Эй хоҷа, айбе нестат, Ваҳму занни лоши бемаънистат». Гуфташ: «Эй ғар! Ту ҳанӯзӣ дар лаҷоҷ? Менабинӣ ин тағайюр в-иртиҷоҷ? Гар ту кӯру кар шудӣ, моро чӣ ҷурм? Мо дар ин ранҷему дар андӯҳу гурм». Гуфт: «Эй хоҷа! Биёрам ойинаҳ? То бидонӣ, ки надорам ман гунаҳ?» Гуфт: «Рав, маҳ ту раҳе, маҳ ойинат, Доимо дар буғзу киниву анат. Ҷомаи хоби маро з-ӯ густарон, То нахуспам, ки сари ман шуд гарон». Зан таваққуф кард, мардаш бонг зад, К-эй адӯ! Зутар, туро ин месазад.
Саҳифаи 66/229 |