|
Дар баёни он ки тан рӯҳро чун либосе аст ва ин даст остини дасти рӯҳ аст ва ин пой мӯзаи пойи рӯҳ аст Гуфт он зирак, ки эй қавми писанд! Дарс хонеду кунед ово баланд. Чун ҳамехонданд, гуфт: «Эй кӯдакон! Бонги мо устодро дорад зиён. Дарди сар афзояд усторо зи бонг, Арзад ин, к-ӯ дард ёбад баҳри донг?» Гуфт усто: «Рост мегӯяд. Равед, Дарди сар афзун шудам. Берун шавед».
Саҳифаи 68/229 |