|
Дидани заргар оқибати корро ва сухан бар вифқи оқибат гуфтан бо мустаъири тарозу Бомдодон омаданд он модарон, Хуфта усто, ҳамчу бемори гарон. Ҳам арақ карда зи бисёри лиҳоф, Сар бибаста, рӯ кашида дар сиҷоф. Оҳ-оҳе мекунад оҳиста ӯ, Ҷумлагон гаштанд ҳам «лоҳавл»-гӯ: «Хайр бошад усто! Ин дарди сар, Ҷони ту, моро набудаст з-ин хабар». Гуфт: «Ман ҳам бехабар будам аз ин, Огаҳам модарғарон карданд, ҳин. Ман будам ғофил ба шуғли қолу қил, Буд дар ботин чунин ранҷе сақил». Чун ба ҷид машғул бошад одамӣ, ӯ зи диди ранҷи худ бошад амӣ. Аз занони Миср Юсуф шуд самар, Ки зи машғулӣ бишуд з-эшон хабар. Пора-пора карда соидҳои хеш, Рӯҳи волиҳ, ки на пас бинад, на пеш. Эй басо марди шуҷоъ андар ҳироб, Ки бибуррад даст ё пояш зироб. ӯ ҳамон даст оварад дар гирудор Бар гумони он ки ҳаст ӯ барқарор. Худ бибинад даст рафта дар зарар, Хун аз ӯ бисёр рафта, бехабар.
Саҳифаи 70/229 |