|
Бақияи қиссаи он зоҳиди кӯҳӣ, ки назр карда буд, ки меваи кӯҳӣ аз дарахт боз наканам ва дарахт нафишонам ва касеро нагӯям сареҳ ва киноят, ки бияфшон. Он хӯрам, ки бод афганда бошад аз дарахт То бидонӣ, ки тан омад чун либос, Рав, биҷӯ лобис, либосеро малес. Рӯҳро тавҳиди Иллаҳ хуштар аст, Ғайри зоҳир, дасту пойе дигар аст. Дасту по дар хоб бинӣ в-эътилоф Он ҳақиқат дон, мадонаш аз газоф. Он туӣ, ки бе бадан дорӣ будан, Пас, матарс аз ҷисму ҷон берун шудан.
Саҳифаи 71/229 |