|
Муттаҳам кардан он шайхро бо дуздон ва буридан дасташро Андар он кӯҳ буд ашҷору симор, Бас мурӯди кӯҳӣ он ҷо бешумор. Гуфт он дарвеш: «Ё раб бо ту ман Аҳд кардам з-ин начинам дар заман. Ҷуз аз он мева, ки бод андохташ, Ман начинам аз дарахти мунтаъаш». Муддате бар назри худ будаш вафо, То даромад имтиҳоноти қазо. З-ин сабаб фармуд: истисно кунед, «Гар Худо хоҳад» ба паймон барзанед. Ҳар замон дилро дигар майле диҳам, Ҳар нафас бар дил дигар доғе ниҳам. «Куллу асбоҳин лано шаънун ҷадид, Куллу шайъин ъан муродӣ ло яҳид». Дар ҳадис омад, ки дил ҳамчун парист, Дар биёбоне асири сарсарист. Бод парро ҳар тараф ронад газоф, Гаҳ чапу гаҳ рост бо сад ихтилоф. Дар ҳадиси дигар ин дил дон чунон, К-оби ҷӯшон з-оташ андар қозғон. Ҳар замон дилро дигар рое бувад, Он на аз вай, лек аз ҷое бувад. Пас, чаро эмин шавӣ бар ройи дил, Аҳд бандӣ, то шавӣ охир хиҷил? Ин ҳам аз таъсири ҳукм асту қадар, Чоҳ мебиниву натвонӣ ҳазар. Нест худ аз мурғи паррон ин аҷаб, Ки набинад дому афтад дар атаб. Ин аҷаб, ки дом бинад, ҳам ватад, Гар бихоҳад в-ар нахоҳад, мефитад. Чашм бозу гӯш бозу дом пеш, Сӯйи доме мепарад бо парри хеш.
Саҳифаи 74/229 |