|
Каромоти шайхи иқтаъ ва занбил бофтани ӯ ба ду даст Бинӣ андар далқ меҳтарзодае, Сарбараҳна, дар бало афтодае. Дар ҳавои нобакорӣ сӯхта, Ақмиша в-амлоки худ бифрӯхта. Хону мон рафта, шуда бадному хор, Коми душман меравад идбирвор. Зоҳиде бинад, бигӯяд: «Эй киё! Ҳиммате медор аз баҳри Худо. К-андар ин идбори зишт афтодаам, Молу зарру неъмат аз каф додаам. Ҳиммате, то бу, ки ман з-ин вораҳам, З-ин гили тира бувад, ки барҷаҳам». Ин дуъо мехоҳад ӯ аз ому хос, К-алхалосу ва-л-халосу алхалос. Даст бозу пой бозу банд не, На муваккал бар сараш, на оҳане. Аз кадомин банд меҷӯйӣ халос? В-аз кадомин ҳабс меҷӯйӣ манос? Банди тақдиру қазои мухтафӣ, Ки набинад он ба ҷуз ҷони сафӣ. Гарчи пайдо нест он, дар макман аст, Баттар аз зиндону банди оҳан аст. З-он ки оҳангар мар онро бишканад, Ҳафрагар ҳам хишти зиндон барканад. Эй аҷаб ин банди пинҳони гарон, Оҷиз аз таксири он оҳангарон. Дидани он банд Аҳмадро расад, Бар гулӯи баста «ҳаблун мин масад». Дид бар пушти аёли Бӯлаҳаб Танги ҳезум, гуфт: ҳаммолай ҳатаб. Ҳаблу ҳезумро ҷуз ӯ чашме надид, Ки падид ояд бар ӯ ҳар нопадид. Боқиёнаш ҷумла таъвиле кунанд, К-ин зи беҳушист в-эшон ҳушманд. Лек аз таъсири он пушташ дутӯ, Гаштаву нолон шуда ӯ пеши ту. Ки дуъое, ҳиммате, то вораҳам, То аз ин банди ниҳон берун ҷаҳам. Он ки бинад ин аломатҳо падид, Чун надонад ӯ шақиро аз саъид? Донаду пӯшад ба амри зулҷалол, Ки набошад кашфи рози Ҳақ ҳалол. Ин сухан поён надорад, он фақир Аз маҷоъат шуд забуну тан асир.
Саҳифаи 75/229 |