|
Баёни ишорати салом сӯйи дасти рост, дар қиёмат аз ҳайбати муҳосибаи Ҳақ ва аз анбиё истиъонат ва шафоъат хостан Анбиё гуфтанд: «Рӯзи чора рафт, Чора он ҷо буду дастафзори зафт. Мурғи беҳангомӣ, эй бадбахт, рав, Тарки мо гӯ, хуни мо-андар машав». Рӯ бигардонад ба сӯйи дасти чап, Дар табору хеш, гӯяндаш, ки хап. Ҳин! Ҷавоби хеш гӯ бо кирдгор, Мо кием? Эй хоҷа! Даст аз мо бидор». На аз ин сӯ, на аз он сӯ чора шуд, Ҷони он бечорадил садпора шуд. Аз ҳама навмед шуд мискин киё, Пас барорад ҳар ду даст андар дуъо. К-аз ҳама навмед гаштем, эй Худо! Аввалу охир туиву мунтаҳо. Дар намоз ин хуш ишоратҳо бибин, То бидонӣ, к-ин бихоҳад шуд яқин. Бачча берун ор аз байзай намоз, Сар мазан чун мурғи бетаъзиму соз.
Саҳифаи 100/229 |