|
Шунидани Дақуқӣ дар миёни намоз афғони он киштие, ки ғарқ хост шудан Он Дақуқӣ дар имомат кард соз, Андар он соҳил даромад дар намоз. В-он ҷамоат дар пайи ӯ дар қиём, Ин-т зебо қавму бигзида имом. Ногаҳон чашмаш суйи дарё фитод, Чун шунид аз сӯйи дарё дод, дод! Дар миёни мавҷ дид ӯ киштие, Дар қазову дар балову зиштие. Ҳам шабу ҳам абру ҳам мавҷи азим, Ин се торикиву аз ғарқоб бим. Тундбоде ҳамчу Азройил хост, Мавҷҳо ошуфт андар чаппу рост. Аҳли киштӣ аз маҳобат коста, Наъраи «во вайлҳо» бархоста. Дастҳо дар навҳа бар сар мезаданд, Кофиру мулҳид ҳама мухлис шуданд. Бо Худо бо сад тазаррӯъ он замон Аҳдҳову назрҳо карда ба ҷон. Сар бараҳна дар суҷуд, онҳо ки ҳеч Рӯяшон қибла надид аз печ-печ, Гуфта, ки бефоидаст ин бандагӣ, Он замон дида дар он сад зиндагӣ. Аз ҳама уммед бибрида тамом, Дӯстону холу ам, бобову мом. Зоҳиду фосиқ шуд он дам муттақӣ, Ҳамчу дар ҳангоми ҷон кандан шақӣ. На зи чапшон чора буду на зи рост, Ҳилаҳо чун мурд, ҳангоми дуъост. Дар дуъо эшону дар зориву оҳ, Бар фалак з-эшон шуда дуди сиёҳ. Дев он дам аз адоват байн-байн, Бонг зад, к-эй сагпарастон! Иллатайн. Маргу ҷаск! Эй аҳли инкору нифоқ, Оқибат хоҳад будан ин иттифоқ. Чашматон тар бошад аз баъди халос, Ки шавед аз баҳри шаҳват деви хос. Ёдатон н-ояд, ки рӯзе дар хатар Дастатон бигрифт Яздон аз қадар. Ин ҳамеояд нидо аз дев, лек Ин суханро нашнавад ҷуз гӯши нек. Рост фармудаст бо мо Мустафо, Қутбу шоҳаншоҳу дарёи сафо, К-он чӣ ҷоҳил дев хоҳад оқибат, Оқилон бинанд з-аввал мартабат. Корҳо з-оғоз агар ғайб асту сирр, Оқил аввал диду охир он мусирр. Аввалаш пӯшида бошад в-охир он Оқилу ҷоҳил бибинад дар аён. Гар набинӣ воқиай ғайб, эй ануд, Ҳазмро селоб кай андаррабуд? Ҳазм чӣ бвад? Бадгумонӣ бар ҷаҳон, Дам ба дам бинад балои ногаҳон.
Саҳифаи 101/229 |