|
Тасаввуроти марди ҳозим Ончунон ки ногаҳон шере расид, Мардро бирбуду дар беша кашид. ӯ чӣ андешад дар он бурдан? Бибин, Ту ҳамон андеш, эй устоди дин! Мекашад шери қазо дар бешаҳо, Ҷони мо машғули кору пешаҳо. Ончунон, к-аз фақр метарсанд халқ, Зери оби шӯр рафта то ба ҳалқ. Гар битарсандӣ аз он фақрофарин, Ганҷҳошон кашф гаштӣ дар замин. Ҷумлашон аз хавфи ғам дар айни ғам, Дар пайи ҳастӣ фитода дар адам.
Саҳифаи 102/229 |