|
Боз шарҳ кардани ҳикояти он толиби рӯзии ҳалоли бекасбу ранҷ дар аҳди Довуд алайҳиссалом ва мустаҷоб шудани дуъои ӯ Ёдам омад он ҳикоят, к-он фақир Рӯзу шаб мекард афғону нафир. В-аз Худо мехост рӯзии ҳалол, Бе шикору ранҷу касбу интиқол. Пеш аз ин гуфтем баъзе ҳоли ӯ, Лек таъвиқ омаду шуд панҷтӯ. Ҳам бигӯемаш, куҷо хоҳад гурехт? Чун зи абри фазл Ҳақ ҳикмат бирехт. Соҳиби говаш бидиду гуфт: «Ҳин, Эй ба зулмат гови ман гашта раҳин. Ҳин! Чаро куштӣ, бигӯ, гови маро? Аблаҳи таррор! Инсоф андаро!». Гуфт: «Ман рӯзӣ зи Ҳақ мехостам, Қибларо аз лоба меоростам. Он дуъои кӯҳнаам шуд мустаҷоб, Рӯзии ман буд, куштам, нак ҷавоб». ӯ зи хашм омад, гиребонаш гирифт, Чанд муште зад ба рӯяш ношигифт.
Саҳифаи 105/229 |