|
Шунидани Довуд алайҳиссалом сухани ҳар ду хасм ва суол кардан аз муддаъӣ алайҳ Чунки Довуди набӣ омад бурун, Гуфт: «Ҳин! Чун аст ин аҳвол, чун?» Муддаъӣ гуфт: «Эй набиюллоҳ! Дод, Гови ман дар хонаи ӯ дарфитод. Кушт говамро, бипурсаш, ки чаро Гови ман кушт ӯ? Баён кун моҷаро». Гуфт Довудаш: «Бигӯ, эй булкарам! Чун талаф кардӣ ту милки мӯҳтарам? Ҳин! Пароганда магӯ, ҳуҷҷат биёр, То ба як сӯ гардад ин даъвову кор». Гуфт: «Эй Довуд! Будам ҳафт сол Рӯзу шаб андар дуъову дар суол. Ин ҳамеҷустам зи Яздон, к-эй Худо, Рӯзие хоҳам ҳалолу беано. Марду зан бар нолаи ман воқифанд, Кӯдакон ин моҷароро восифанд. Ту бипурс аз ҳар кӣ хоҳӣ, ин хабар, То бигӯяд бе шиканҷа, бе зарар. Ҳам ҳувайдо пурсу ҳам пинҳон зи халқ, Ки чӣ мегуфт ин гадои жандадалқ? Баъд аз ин ҷумлай дуъову ин фиғон Гове андар хона дидам, ногаҳон Чашми ман торик шуд, на баҳри лут, Шодии он ки қабул омад қунут. Куштам онро, то диҳам дар шукри он, Ки дуъои ман шунуд он ғайбдон».
Саҳифаи 107/229 |