|
Ҳукм кардани Довуд алайҳиссалом бар кушандаи гов Гуфт Довуд: «Ин суханҳоро бишӯ, Ҳуҷҷати шаръӣ дар ин даъво бигӯ. Ту раво дорӣ, ки ман беҳуҷҷате, Бинҳам андар шаҳри ботил суннате? Ин кӣ бахшидат? Харидӣ? Ворисӣ? Райъро чун меситонӣ? Ҳорисӣ? Касбро ҳамчу зироъат дон, аму, То накорӣ, дахл набвад они ту. Он чӣ корӣ, бидравӣ, он они туст В-арна ин бедод бар ту шуд дуруст. Рав, бидеҳ моли мусулмон, каж магӯ, Рав, биҷӯ вому бидеҳ, ботил маҷӯ». Гуфт: «Эй шаҳ! Ту ҳам ин мегӯиям, Ки ҳамегӯянд асҳоби ситам».
Саҳифаи 108/229 |