|
Тазаррӯъи он шахс аз доварии Довуд алайҳиссалом Саҷда карду гуфт: «Эй донои сӯз, Дар дили Довуд андоз он фурӯз. Дар дилаш неҳ, он чӣ ту андар дилам Андарафгандӣ ба роз, эй муфсилам!» Ин бигуфту гиря даршуд ҳой-ҳой, То дили Довуд берун шуд зи ҷой. Гуфт: «Ҳин! Имрӯз, эй хоҳони гов, Мӯҳлатам деҳ в-ин даъовиро маков. То равам ман сӯйи хилват, дар намоз, Пурсам ин аҳвол аз донои роз. Хӯй дорам дар намоз, он илтифот Маънии «қуррата айнӣ фӣ-с-салот». Равзани ҷонам гушодаст аз сафо, Мерасад бевосита номай Худо. Номаву борону нур аз равзанам Мефитад дар хонаам аз маъданам. Дӯзах аст он хона, к-он беравзан аст, Асли дин, эй банда! Равзан кардан аст. Тешаи ҳар пешае кам зан, биё, Теша зан дар кандани равзан, ҳало! Ё намедонӣ, ки нури офтоб Акси хуршеди бурун аст аз ҳиҷоб. Нур ин донӣ, ки ҳайвон дид ҳам, Пас чӣ «каррамно» бувад бар «одамам»? Ман чу хуршедам, даруни нур ғарқ, Менадонам кард хеш аз нур фарқ. Рафтанам сӯйи намозу он хало Баҳри таълим аст раҳ мар халқро. Каж ниҳам, то рост гардад ин ҷаҳон, Ҳарбу худъат ин бувад, эй паҳлавон! Нест дастуре ва гарна рехтӣ, Гард аз дарёи роз ангехтӣ. Ҳамчунин Довуд мегуфт ин насақ, Хост гаштан ақли халқон муҳтарақ. Пас гиребонаш кашид аз пас яке, Ки надорам дар якеиаш шаке. Бо худ омад, гуфтро кӯтоҳ кард, Лаб бибасту азми хилватгоҳ кард.
Саҳифаи 109/229 |