|
Дар хилват рафтани Довуд, то он чӣ ҳақ аст, пайдо шавад Дар фурӯ басту бирафт он гаҳ шитоб Сӯйи меҳробу дуъои мустаҷоб. Ҳақ намудаш, он чӣ бинмудаш, тамом, Гашт воқиф бар сазои интиқом. Рӯзи дигар ҷумла хасмон омаданд, Пеши Довуди паямбар саф заданд. Ҳамчунон он моҷароҳо бозрафт, Зуд зад он муддаъӣ ташнеъи зафт.
Саҳифаи 110/229 |