|
Ҳукм кардани Довуд бар соҳиби гов, ки аз сари гов бархез ва ташнеъи соҳиби гов бар Довуд алайҳиссалом Гуфт Довудаш: «Хамуш кун, рав, биҳил, Ин мусулмонро зи говат кун биҳил. Чун Худо пӯшид бар ту, эй ҷавон! Рав, хамуш кун, ҳаққи сатторӣ бидон». Гуфт: «Вовайло, чӣ ҳукм аст ин? Чӣ дод? Аз пайи ман шаръи нав хоҳӣ ниҳод? Рафтааст овозаи адлат чунон, Ки муаттар шуд замину осмон. Бар сагони кӯр ин истам нарафт, З-ин тааддӣ сангу кӯҳ бишкофт тафт». Ҳамчунин ташнеъ мезад бармало, К-ассало, ҳангоми зулм аст, ас-сало.
Саҳифаи 111/229 |