|
Азм кардани Довуд алайҳиссалом ба хондани халқ бад он саҳро, ки роз ошкоро кунад ва ҳуҷҷатҳо ҳама қатъ кунад Гуфт: «Эй ёрон! Замони он расид, К-он сири мактуми ӯ гардад падид. Ҷумла бархезед, то берун равем, То бар он сирри ниҳон воқиф шавем. Дар фалон саҳро дарахте ҳаст зафт, Шохаҳояш анбуҳу бисёру чафт. Сахт росих хаймагоҳу мехи ӯ, Бӯйи хун меоядам аз бехи ӯ. Хун шудаст андар буни он хушдарахт, Хоҷаро куштаст ин манҳусбахт. То кунун ҳилми Худо пӯшид он, Охир аз ношукрии он қалтабон, Ки иёли хоҷаро рӯзе надид, На ба наврӯзу на мавсимҳои ид. Бенавоёнро ба як луқма наҷуст, Ёд н-овард ӯ зи ҳақҳои нахуст. То кунун аз баҳри як гов ин лаъин Мезанад фарзанди ӯро бар замин. ӯ ба худ бардошт парда аз гуноҳ В-арна мепӯшид ҷурмашро Илоҳ. Кофиру фосиқ дар ин даври газанд Пардаи худро ба худ бармедаранд. Зулм мастур аст дар асрори ҷон, Мениҳад золим ба пеши мардумон, Ки бибинедам, ки дорам шохҳо, Гови дӯзахро бибинед аз мало.
Саҳифаи 113/229 |