|
Гувоҳӣ додани дасту по ва забон бар сирри золим ҳам дар дунё Пас ҳам ин ҷо дасту поят дар газанд Бар замири ту гувоҳӣ медиҳанд. Чун муваккил мешавад бар ту замир, Ки бигӯ ту, эътиқодат вомагир. Хоса дар ҳангоми хашму гуфтугӯ Мекунад зоҳир сиратро мӯ ба мӯ. Чун муваккил мешавад зулму ҷафо, Ки ҳувайдо кун маро, эй дасту по. Чун ҳамегирад гувоҳи сир лагом, Хоса вақти ҷӯшу хашму интиқом. Пас ҳамон кас, к-ин муваккал мекунад, То ливои роз бар саҳро занад. Пас муваккалҳои дигар рӯзи ҳашр Ҳам тавонад офарид аз баҳри нашр. Эй ба даҳ даст омада дар зулму кин, Гавҳарат пайдост, ҳоҷат нест ин. Нест ҳоҷат шӯҳра гаштан дар газанд, Бар замири оташинат воқифанд. Нафси ту ҳар дам барорад сад шарор, Ки бибинедам, манам з-асҳоби нор. Ҷузви норам, сӯйи кулли худ равам, Ман на нурам, ки суйи ҳазрат шавам. Ҳамчунон, к-ин золими ҳақношинос Баҳри гове кард чандин илтибос. ӯ аз ӯ сад гов бурду сад шутур, Нафс ин аст, эй падар! Аз вай бибур. Низ рӯзе бо Худо зорӣ накард, «Ё раб»-е номад аз ӯ рӯзе ба дард. К-эй Худо хасми маро хушнуд кун, Гар манаш кардам зиён, ту суд кун. Гар хато куштам, дият бар оқил аст, Оқилай ҷонам ту будӣ аз аласт. Санг менадҳад ба истиғфор дурр, Ин бувад инсофи нафс, эй ҷони ҳурр.
Саҳифаи 114/229 |