|
Берун рафтани халқ ба сӯйи он дарахт Чун бурун рафтанд сӯйи он дарахт, Гуфт: «Дасташро сипас бандед сахт. То гуноҳу ҷурми ӯ пайдо кунам, То ливои адл бар саҳро занам. Гуфт: «Эй саг! Ҷадди ӯро куштаӣ, Ту ғуломӣ, хоҷа з-ин рӯ гаштаӣ. Хоҷаро куштиву бурдӣ моли ӯ, Кард Яздон ошкоро ҳоли ӯ. Он занат ӯро канизак будааст, Бо ҳамин хоҷа ҷафо бинмудааст. Ҳар чӣ з-ӯ зойид, мода ё ки нар, Милки ворис бошад онҳо сар ба сар. Ту ғуломӣ, касбу корат милки ӯст, Шаръ ҷустӣ? Шаръ бистон, рав, накӯст. Хоҷаро куштӣ ба истам зори зор, Ҳам бар ин ҷо хоҷа - гӯён: зинҳор! Корд аз иштоб кардӣ зери хок, Аз хаёле, ки бидидӣ саҳмнок. Нак сараш бо корд дар зери замин, Бозковед ин заминро ҳамчунин. Номи ин саг ҳам набишта корд - бар, Кард бо хоҷа чунин макру зарар». Ҳамчунон карданд, чун бишкофтанд, Дар замин он корду сарро ёфтанд. Валвала дар халқ афтод он замон, Ҳар яке зуннор бубрид аз миён. Баъд аз он гуфташ: «Биё, эй додхоҳ! Доди худ бистон, бад-он рӯйи сиёҳ».
Саҳифаи 115/229 |