|
Қиссаи хондани шайхи зарир мусҳафро дар рав ва бино шудан вақти қироъат Дид дар айём он шайхи фақир Мусҳафе дар хонаи пире зарир. Пеши ӯ меҳмон шуд ӯ вақти тамуз, Ҳар ду зоҳид ҷамъ гашта чанд рӯз. Гуфт: «Ин ҷо, эй аҷаб! Мусҳаф чарост? Чунки нобиност ин дарвеши рост». Андар ин андеша ташвишаш фузуд, Ки ҷуз ӯро нест ин ҷо бошу буд. ӯст танҳо, мусҳафе овехта, Ман наям густох ё омехта. То бипурсам. На, хамуш, сабре кунам, То ба сабре бар муроде барзанам. Сабр карду буд чанде дар ҳараҷ, Кашф шуд к- «ас-сабру мифтоҳу-л-фараҷ».
Саҳифаи 81/229 |