|
Сабр кардани Луқмон чун дид, ки Довуд ҳалқаҳо месохт аз суол кардан бо ин ният, ки сабр аз суол мӯҷиби фараҷ бошад Рафт Луқмон сӯйи Довуди сафо Дид, к-ӯ мекард з-оҳан ҳалқаҳо. Ҷумларо бо ҳамдигар дармефиганд З-оҳани пӯлод он шоҳи баланд. Санъати заррод ӯ кам дида буд, Дар аҷаб мемонд, васвосаш фузуд. К-ин чӣ шояд буд? Вопурсам аз ӯ, Ки чӣ месозӣ зи ҳалқай тӯбатӯ? Боз бо худ гуфт: «Сабр авлотар аст, Сабр то мақсуд зутар раҳбар аст». Чун напурсӣ, зудтар кашфат шавад, Мурғи сабр аз ҷумла парронтар бувад. В-ар бипурсӣ, дертар ҳосил шавад, Саҳл аз бесабрият мушкил шавад. Чунки Луқмон тан бизад, ҳам дарзамон, Шуд тамом аз санъати Довуд он. Пас зиреҳ созиду дарпӯшид ӯ Пеши Луқмони карими сабрхӯ. Гуфт: «Ин некӯ либос аст, эй фато! Дар масофу ҷанг, дафъи захмро». Гуфт Луқмон: «Сабр ҳам некӯ дамест, Ки паноҳу дофеъи ҳар ҷо ғамест». Сабрро бо ҳақ қарин кард, эй фалон, Охири «Ва-л-аср»-ро огаҳ бихон. Сад ҳазорон кимиё Ҳақ офарид, Кимиёе ҳамчу сабр Одам надид.
Саҳифаи 82/229 |