|
Бақияи ҳикояти нобино ва мусҳаф Марди меҳмон сабр карду ногаҳон Кашф гашташ ҳоли мушкил дарзамон. Нимишаб овози Қуръонро шунид, Ҷаст аз хоб, он аҷоибро бидид. Ки зи мусҳаф кӯр мехондӣ дуруст, Гашт бесабру аз ӯ он ҳол ҷуст. Гуфт: «Оё, эй аҷаб! Бо чашми кӯр, Чун ҳамехонӣ? Ҳамебинӣ сутур? Он чӣ мехонӣ, бар он афтодаӣ, Дастро бар ҳарфи он бинҳодаӣ. Исбаъат дар сайр пайдо мекунад, Ки назар бар ҳарф дорӣ мустанад». Гуфт: «Эй гашта зи ҷаҳли тан ҷудо, Ин аҷаб медорӣ аз сунъи Худо? Ман зи Ҳақ дархостам, к-эй мустаъон! Бар қироъат ман ҳарисам ҳамчу ҷон. Нестам ҳофиз, маро нуре бидеҳ Дар ду дида вақти хондан, бе гиреҳ. Боздеҳ ду дидаамро он замон, Ки бигирам мусҳафу хонам аён. Омад аз ҳазрат нидо, к-эй марди кор, Эй ба ҳар ранҷе ба мо уммедвор. Ҳусни занн асту умеде хуш туро, Ки туро гӯяд ба ҳар дам: «Бартар о». Ҳар замон, ки қасди хондан бошадат, Ё зи мусҳафҳо қироъат боядат. Ман дар он дам водиҳам чашми туро, То фурӯ хонӣ, муаззамҷавҳаро! Ҳамчунон карду ҳар он гоҳе ки ман Вогушоям мусҳаф андар хондан. Он хабире, ки нашуд ғофил зи кор, Он гиромий подшоҳу кирдгор, Боз бахшад бинишам он шоҳи фард, Дарзамон ҳамчун чароғи шабнавард. З-ин сабаб набвад валиро эътироз, Ҳарчи бистонад, фиристанд эътиёз. Гар бисӯзад боғат, ангурат диҳад, Дар миёни мотаме сурат диҳад. Он шали бедастро дасте диҳад, Кони ғамҳоро дили масте диҳад. «Ло нусаллим» в-эътироз аз мо бирафт, Чун иваз меояд аз мафқуд зафт. Чунки беоташ маро гармӣ расад, Розиям, гар оташаш моро кушад. Бе чароғе чун диҳад ӯ равшанӣ, Гар чароғат шуд, чӣ афғон мекунӣ?
Саҳифаи 83/229 |