|
Сифати баъзе авлиё, ки розиянд ба аҳком ва лоба накунанд, ки ин ҳукмро бигардон Бишнав акнун қиссааи он раҳравон, Ки надоранд эътирозе дар ҷаҳон. З-авлиё аҳли дуъо худ дигаранд, Гаҳ ҳамедӯзанду гоҳе медаранд. Қавми дигар мешиносам з-авлиё, Ки даҳоншон баста бошад аз дуъо. Аз ризо, ки ҳаст роми он киром, Ҷустани дафъи қазошон шуд ҳаром. Дар қазо завқе ҳамебинанд хос, Куфрашон ояд талаб кардан халос. Ҳусни занне бар дили эшон гушуд, Ки напӯшанд аз ғаме ҷомай кабуд.
Саҳифаи 84/229 |