|
Қиссаи Дақуқӣ раҳматуллоҳи алайҳ ва каромоташ Он Дақуқӣ дошт хуш дебоҷае, Ошиқу соҳибкаромат хоҷае. Дар замин, мешуд чу маҳ бар осмон, Шабравонро гашта з-ӯ равшан равон. Дар мақоме маскане кам сохтӣ, Кам ду рӯз андар деҳе андохтӣ. Гуфт: «Дар як хона гар бошам ду рӯз, Ишқи он маскан кунад дар ман фурӯз». «Ғиррату-л-маскан уҳозирҳу ано, Унқулӣ ё нафсу софир ли-л-ғино. Ло уаввид ҳулқа қалби би-л-макон, Кай якуна холисан фӣ-л-имтиҳон». Рӯз андар сайр буд, шаб дар намоз, Чашм андар шоҳбоз, ӯ ҳамчу боз. Мунқатеъ аз халқ, на аз бадхуй, Мунфарид аз марду зан, на аз дуӣ. Мушфиқе бар халқу нофеъ ҳамчу об, Хуш шафеъеву дуъояш мустаҷоб. Неку бадро меҳрубону мустақар, Беҳтар аз модар, шаҳитар аз падар. Гуфт пайғамбар: «Шуморо, эй меҳон! Чун падар ҳастам шафиқу меҳрубон. З-он сабаб, ки ҷумла аҷзои манед, Ҷузвро аз кул чаро бармеканед?» Ҷузв аз кул қатъ шуд, бекор шуд, Узв аз тан қатъ шуд, мурдор шуд. То напайвандад ба кул бори дигар, Мурда бошад, набвадаш аз ҷон хабар. В-ар биҷунбад, нест онро худ санад, Узви навиубрида ҳам ҷунбиш кунад. Ҷузв аз ин кул гар бурад, як сӯ равад, Ин на он кулл аст, к-ӯ ноқис шавад. Қатъу васли ӯ наояд дар мақол, Чизи ноқис гуфта шуд баҳри мисол.
Саҳифаи 86/229 |