|
Сирри талаб кардани Мӯсо Хизрро алайҳиссалом бо камоли нубувват ва қурбат Аз калими Ҳақ биёмӯз, эй карим, Бин, чӣ мегӯяд зи муштоқӣ, калим: «Бо чунин ҷоҳу чунин пайғамбарӣ Толиби Хизрам, зи худбинӣ барӣ». Мӯсиё! Ту қавми худро ҳиштаӣ, Дар пайи некӯпайӣ саргаштаӣ? Кайқубодӣ раста аз хавфу риҷо, Чанд гардӣ? Чанд ҷӯйӣ? То куҷо? Они ту бо тусту ту воқиф бар ин, Осмоно, чанд паймоӣ замин? Гуфт Мӯсо: «Ин маломат кам кунед, Офтобу моҳро кам раҳ занед. Меравам, то маҷмаъу-л-баҳрайн ман, То шавам масҳуби султони заман. «Аҷъалу-л-Хизра ли амри саббабан, Зока ав амзӣ ва асрӣ ҳуққубан». Солҳо паррам ба парру болҳо, Солҳо чӣ бвад? Ҳазорон солҳо. Меравам. Яъне намеарзад бад-он? Ишқи ҷонон кам мадон аз ишқи нон». Ин сухан поён надорад, эй аму! Достони он Дақуқиро бигӯ.
Саҳифаи 88/229 |