|
Бозгаштан ба қиссаи Дақуқӣ Он Дуқуқӣ, раҳматуллоҳи алайҳ, Гуфт: «Софарту мадан фӣ хофиқайҳ». Солҳо рафтам, сафар аз ишқи моҳ, Бехабар аз роҳ, ҳайрон дар Илоҳ». Побараҳна меравӣ бар хору санг, Гуфт: «Ман ҳайронаму бехешу данг. Ту мабин ин пойҳоро бар замин, З-он ки бар дил меравад ошиқ, яқин. Аз раҳу манзил, зи кӯтоҳу дароз, Дил чӣ донад? К-ӯст масти дилнавоз». Он дарозу кӯтаҳ авсофи тан аст, Рафтани арвоҳ дигар рафтан аст. Ту сафар кардӣ зи нутфа то ба ақл, Не ба гоме буд, на манзил, на нақл. Сайри ҷон бечун бувад дар давру дайр, Ҷисми мо аз ҷон биёмӯзид сайр. Сайри ҷисмона раҳо кард ӯ, кунун Меравад, бечун ниҳон дар шакли чун. Гуфт: «Рӯзе мешудам муштоқвор, То бибинам дар башар анвори ёр. То бибинам қулзуме дар қатрае, Офтобе дарҷ андар заррае. Чун расидам сӯйи як соҳил ба гом, Буд бегаҳ гашта рӯзу вақти шом».
Саҳифаи 89/229 |