|
Намудани мисоли ҳафт шамъ сӯйи соҳил Ҳафт шамъ аз дур дидам ногаҳон Андар он соҳил, шитобидам бад-он. Нури шӯълай ҳар яке шамъе аз он, Баршуда хуш то инони осмон. Хира гаштам, хирагӣ ҳам хира гашт, Мавҷи ҳайрат ақлро аз сар гузашт. Ин чӣ гуна шамъҳо афрӯхтаст, К-ин ду дидай халқ аз инҳо дӯхтаст? Халқ ҷӯёни чароғе гашта буд, Пеши он шамъе, ки бар маҳ мефузуд? Чашмбанде буд аҷаб бар дидҳо, Бандашон мекард «яҳди ман яшо».
Саҳифаи 90/229 |