|
Шудани он ҳафт шамъ бар мисоли як шамъ Боз медидам, ки мешуд ҳафт як, Мешикофад нури ӯ ҷайби фалак. Боз, он як бори дигар ҳафт шуд, Мастиву ҳайронии ман зафт шуд. Иттисолоте миёни шамъҳо, Ки наёяд бар забону гуфти мо. Он ки як «дидан» кунад идроки он, Солҳо натвон намудан аз забон. Он ки як дам бинадаш идроки ҳуш, Солҳо натвон шунидаш он ба гӯш. Чунки поёне надорад, рав «илайк», З-он ки «ло уҳси саноан мо алайк». Пештар рафтам давон, к-он шамъҳо То чӣ чиз аст аз нишони кибриё? Мешудам бехешу мадҳушу хароб, То бияфтодам зи таъҷилу шитоб. Соате беҳушу беақл андар ин Уфтодам, бар сари хокизамин. Боз бо ҳуш омадам, бархостам, Дар равиш гӯйӣ на сар, на постам.
Саҳифаи 91/229 |