|
Боз шудани он шамъҳо ҳафт дарахт Боз ҳар як мард шуд шакли дарахт, Чашмам аз сабзии эшон некбахт. З-анбуҳии барг пайдо нест шох, Барг ҳам гум гашта аз мевай фарох. Ҳар дарахте шох бар сидра зада, Сидра чӣ бвад? Аз хало берун шуда. Бехи ҳар як рафта дар қаъри замин, Зертар аз гову моҳӣ буд яқин. Бехашон аз шох хандонрӯйтар, Ақл аз он ишколашон зеру забар. Мевае, ки баршикофидӣ зи зӯр, Ҳамчу об аз мева ҷастӣ барқи нур.
Саҳифаи 93/229 |