|
Як дарахт шудани он ҳафт дарахт Гуфт: «Рондам пештар ман некбахт, Боз шуд он ҳафт, ҷумла як дарахт. Ҳафт мешуд, фард мешуд, ҳар даме, Ман чӣ сон мегаштам аз ҳайрат ҳаме. Баъд аз он дидам дарахтон дар намоз Саф кашида, чун ҷамоат карда соз. Як дарахт аз пеш, монанди имом, Дигарон андар паси ӯ дар қиём. Он қиёму он рукӯъу он суҷуд Аз дарахтон бас шигифтам менамуд. Ёд кардам қавли Ҳақро он замон, Гуфт: «Ан-наҷму» шаҷарро «ясҷудон». Ин дарахтонро на зону, на миён, Ин чӣ тартиби намоз аст ончунон? Омад илҳоми Худо, к-эй бофурӯз! Ме-аҷаб дорӣ зи кори мо ҳанӯз?»
Саҳифаи 95/229 |