|
Пеш рафтани Дақуқӣ ба имомати он қавм Дар «таҳийёту салому-с-солиҳин» Мадҳи ҷумлай анбиё омад аҷин. Мадҳҳо шуд ҷумлагӣ омехта, Кӯзаҳо дар як лаган даррехта. З-он ки худ мамдӯҳ ҷуз як беш нест, Кешҳо з-ин рӯй ҷуз як кеш нест. Дон, ки ҳар мадҳе ба нури Ҳақ равад, Бар сувар в-ашхос орият бувад. Мадҳҳо ҷуз мустаҳиқро кай кунанд? Лек бар пиндошт гумраҳ мешаванд. Ҳамчу нуре тофта бар ҳойите, Ҳойит он анворро чун робите. Ё зи чоҳе акси моҳе вонамуд, Сар ба чаҳ даркард зол, онро ситуд. Лоҷарам чун соя сӯйи асл ронд, Зол маҳ гум карду з-истоиш бимонд. Дар ҳақиқат модеҳи моҳ аст ӯ, Гарчи ҷаҳли ӯ ба аксаш кард рӯ. Мадҳи ӯ маҳрост, на он аксро, Куфр шуд он, чун ғалат шуд моҷаро. К-аз шақоват гашт гумроҳ он далер, Маҳ ба боло буду ӯ пиндошт зер. З-ин бутон халқон парешон мешаванд, Шаҳвати ронда пушаймон мешаванд. З-он, ки шаҳват бо хаёле рондаст В-аз ҳақиқат дуртар вомондааст. Бо хаёле майли ту чун пар бувад, То бад-он пар бар ҳақиқат бар шавад. Чун бирондӣ шаҳвате, паррат бирехт, Ланг гаштӣ в-он хаёл аз ту гурехт. Пар нигаҳ дору чунин шаҳват марон, То пари майлат барад сӯйи ҷинон. Халқ пиндоранд ишрат мекунанд, Бар хаёле парри худ бармекананд. Вомдори шарҳи ин нукта шудам, Мӯҳлатам деҳ, муъсирам, з-он тан задам.
Саҳифаи 98/229 |