|
|
|
|
Рад кардани маъшуқа узри ошиқро ва талбиси ӯро дар рӯйи ӯ молиданДар ҷавобаш баргушод он ёр лаб, К-аз сӯйи мо рӯз, сӯйи туст шаб. Ҳилаҳои тира андар доварӣ Пеши биноён чаро меоварӣ? Ҳар чӣ дар дил дорӣ аз макру румуз, Пеши мо расвосту пайдо ҳамчу рӯз. Гар бипӯшемаш зи бандапарварӣ, Ту чаро берӯйӣ аз ҳад мебарӣ? Аз падар омӯз, к-одам дар гуноҳ, Хуш фуруд омад ба сӯйи пойгоҳ. Чун бидид он олимуласрорро, Бар ду по истод истиғфорро. Бар сари хокистари андуҳ нишаст, Аз баҳона шох то шохе наҷаст. «Раббано инно заламно» гуфту бас, Чунки ҷондорон бидид аз пешу пас. Дид ҷондорони пинҳон ҳамчу ҷон, Дурбоши ҳар яке то осмон, Ки ҳало, пеши Сулаймон мӯр бош, То бинашкофад туро ин дурбош. Ҷуз мақоми ростӣ як дам маҳист, Ҳеч лоло мардро чун чашм нест. Кӯр агар аз панд полуда шавад, Ҳар даме ӯ боз олуда шавад. Одамо! Ту нестӣ кӯр аз назар, Лек «изо ҷоъа-л-қазо ъамя-л-басар». Умрҳо бояд ба нодир гоҳ-гоҳ, То ки бино аз қазо афтад ба чоҳ. Кӯрро худ ин қазо ҳамроҳи ӯст, Ки мар ӯро уфтодан табъу хӯст. Дар ҳадас афтад, надонад бӯй чист: «Аз ман аст ин бӯй ё олудагист?» В-ар касе бар вай кунад мушке нисор, Ҳам зи худ донад, на аз эҳсони ёр. Пас ду чашми равшан, эй соҳибназар, Мар туро сад модар асту сад падар. Хоса чашми дил, ки он ҳафтодтӯст В-ин ду чашми ҳисс хӯшачини ӯст. Эй дареғо! Раҳзанон биншастаанд, Сад гираҳ зери забонам бастаанд. Пойи баста чун равад хуш роҳвор? Пас гарон бандест ин, маъзур дор! Ин сухан ишкаста меояд, дило, К-ин сухан дурр аст, ғайрат осиё. Дурр агарчи хурду ишкаста шавад, Тӯтиёи дидаи хаста шавад. Эй дур! Аз ишкасти худ бар сар мазан, К-аз шикастан равшанӣ хоҳӣ шудан. Ҳамчунин ишкастабаста гуфтанист, Ҳақ кунад охир дурусташ, к-ӯ ғанист. Гандум ар бишкасту аз ҳам дарсукуст, Бар дукон омад, ки нак нони дуруст. Ту ҳам, эй ошиқ! Чу ҷурмат гашт фош, Обу равған тарк кун, ишкаста бош. Он ки фарзандони хоси одаманд, Нафҳаи «инно заламно» медаманд. Ҳоҷати худ арза кун, ҳуҷҷат магӯ Ҳамчу Иблиси лаъини сахтрӯ. Сахтрӯйӣ гар варо шуд айбпӯш, Дар ситезу сахтрӯӣ рав, бикӯш. Он Абӯҷаҳл аз паймбар мӯъҷизе Хост, ҳамчун кинавар турки ғузе. Лек он сиддиқи Ҳақ мӯъҷиз нахост, Гуфт: «Ин рӯ худ нагӯяд ҷуз ки рост». Кай расад ҳамчун туеро к-аз манӣ Имтиҳони ҳамчу ман ёре кунӣ?
15/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|