|
|
|
|
Қиссаи масҷиди Ақсо ва Харруб ва азм кардани Довуд алайҳиссалом пеш аз Сулаймон алайҳиссалом бар бинои он масҷидЧун даромад азми довудӣ ба танг, Ки бисозад масҷиди Ақсо ба санг. Ваҳй кардаш Ҳақ, ки тарки ин бихон, Ки зи дастат барнаёяд ин макон. Нест дар тақдири мо он ки ту ин Масҷиди Ақсо барорӣ, эй гузин! Гуфт: «Ҷурмам чист, эй донои роз, Ки маро гӯйӣ, ки масҷидро масоз? Гуфт: «Бе ҷурме ту хунҳо кардаӣ, Хуни мазлумон ба гардан бурдаӣ. Ки зи овози ту халқе бешумор Ҷон бидоданду шуданд онро шикор. Хун басе рафтаст бар овози ту, Бар садои хуби ҷонпардози ту». Гуфт: «Мағлуби ту будам, масти ту, Дасти ман барбаста буд аз дасти ту. На ки ҳар мағлуби шаҳ марҳум буд? На ки «ғал-мағлубу ка-л-маъдум буд?» Гуфт: «Ин мағлуб маъдумест, к-ӯ Ҷуз ба нисбат нест маъдум, «айқину». Инчунин маъдум, к-ӯ аз хеш рафт, Беҳтарини ҳастҳо афтоду зафт. ӯ ба нисбат бо сифоти Ҳақ фаност, Дар ҳақиқат дар фано ӯро бақост. Ҷумлаи арвоҳ дар тадбири ӯст, Ҷумлаи ашбоҳ ҳам дар тири ӯст. Он кӣ ӯ мағлуб андар лутфи мост, Нест музтар, балки мухтори валост. Мунтаҳои ихтиёр он аст х(в)ад, Ки ихтиёраш гардад ин ҷо муфтақад. Ихтиёреро набудӣ чошнӣ, Гар нагаштӣ охир ӯ маҳв аз манӣ. Дар ҷаҳон гар луқмаву гар шарбат аст, Лаззати ӯ фаръи маҳви лаззат аст. Гарчи аз лаззот бетаъсир шуд, Лаззате буд ӯву лаззатгир шуд.
17/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|