|
|
|
|
Шарҳи «иннама л-мӯъминуна ихватун ва-л-уламоу канафсин воҳидатин», хосса иттиҳоди Довуд ва Сулаймон ва соири анбиё алайҳимуссалом, ки агар яке аз эшонро мункир шавӣ, имон ба ҳеч набӣ дуруст набошад ва ин аломати иттиҳод аст, ки як хона аз ҳазорон хона вайрон кунӣ он ҳама вайрон шавад ва як девор қоим намонад, ки «ло туфарриқу байна аҳадин минҳум ва-л-оқилу якфиҳи-л-ишорату», ин худ аз ишорат гузаштГарчи барн-ояд ба ҷаҳду зӯри ту, Лек масҷидро барорад пури ту. Кардаи ӯ кардаи туст, эй ҳаким! Мӯъминонро иттисоле дон қадим. Мӯъминон маъдуд, лек имон яке, Ҷисмашон маъдуд, лекин ҷон яке. Ғайри фаҳму ҷон, ки дар гову хар аст, Одамиро ақл ҷоне дигар аст. Боз ғайри ҷону ақли одамӣ Ҳаст ҷоне дар валии ондамӣ. Ҷони ҳайвонӣ надорад иттиҳод, Ту маҷӯ ин иттиҳод аз рӯҳи бод. Гар хурад ин нон, нагардад сер он В-ар кашад бор ин, нагардад ӯ гарон. Балки ин шодӣ кунад аз марги ӯ, Аз ҳасад мирад, чу бинад барги ӯ. Ҷони гургону сагон ҳар як ҷудост, Муттаҳид ҷонҳои шерони Худост. Ҷамъ гуфтам ҷонҳошон ман ба исм, К-он яке ҷон сад бувад нисбат ба ҷисм. Ҳамчу он як нури хуршеди само, Сад бувад нисбат ба саҳни хонаҳо. Лек як бошад ҳама анворашон, Чунки баргирӣ ту девор аз миён. Чун намонад хонаҳоро қоида, Мӯъминон монанд нафси воҳида. Фарқу ишколот ояд з-ин мақол, З-он ки набвад мисл, ин бошад мисол. Фарқҳо беҳад бувад аз шахси шер То ба шахси одамизоди далер. Лек дар вақти мисол, эй хушназар, Иттиҳод аз рӯйи ҷонбозӣ нигар, К-он далер охир мисоли шер буд, Нест мисли шер дар ҷумлай ҳудуд. Муттаҳид нақше надорад ин саро, То ки мисле вонамоям ман туро. Ҳам мисоли ноқисе даст оварам, То зи ҳайронӣ хирадро вохарам. Шаб ба ҳар хона чароғе мениҳанд, То ба нури он зи зулмат мераҳанд. Он чароғ ин тан бувад, нураш чу ҷон, Ҳаст мӯҳтоҷи қатилу ину он. Он чароғи шашфатилай он ҳавос, Ҷумлагӣ бар хобу хур дорад асос. Бехуру бехоб назяд ним дам, Бо хуру бо хоб назяд низ ҳам. Бе фатилу равғанаш набвад бақо, Бо фатилу равған, ӯ ҳам бевафо. З-он ки нури иллатияш марг ҷуст, Чун зияд? Ки рӯзи равшан марги ӯст. Ҷумла ҳисҳои башар ҳам бебақост, З-он ки пеши нури рӯзи ҳашр «ло»-ст. Нури ҳиссу ҷони бобоёни мо Нест куллӣ фониву «ло» чун гиё. Лек монанди ситора-в моҳтоб Ҷумла маҳванд аз шуоъи офтоб. Ончунон ки сӯзу дарди захми кайк Маҳв гардад, чун дарояд мор «илайк». Ончунон ки уд андар об ҷаст, То дар об аз захми занбӯрон бираст. Мекунад занбӯр бар боло тавоф, Чун барорад сар, надорандаш муоф. Об зикри Ҳаққу занбӯр ин замон Ҳаст ёди он фалона в-он фалон. Дам ба хур дар оби зикру сабр кун, То раҳӣ аз фикру васвоси куҳун. Баъд аз он ту табъи он оби сафо Худ бигирӣ ҷумлагӣ сар то ба по. Ончунон к-аз об он занбӯри шар Мегурезад, аз ту ҳам гирад ҳазар. Баъд аз он хоҳӣ ту дур аз об бош, Ки ба сир ҳамтабъи обӣ хоҷатош! Бас касоне, к-аз ҷаҳон бигзаштаанд, «Ло» наянду дар сифот оғуштаанд. Дар сифоти Ҳақ сифоти ҷумлашон Ҳамчу ахтар пеши он хур бенишон. Гар зи Қуръон нақл хоҳӣ, эй ҳарун! Хон «ҷамеъун ҳум ладайно муҳзарун». «Мӯъзарун маъдум» набвад, нек бин, То бақои рӯҳҳо донӣ яқин. Рӯҳи маҳҷуб аз бақо бас дар азоб, Рӯҳи восил дар бақо, пок аз ҳиҷоб. З-ин чароғи ҳисси ҳайвон ал-мурод Гуфтамат ҳон, то наҷӯйӣ иттиҳод. Рӯҳи худро муттасил кун, эй фалон, Зуд бо арвоҳи қудси соликон. Сад чароғат ар муранд, ар бистанд, Пас ҷудоанду ягона нестанд. З-он ҳама ҷанганд ин асҳоби мо, Ҷанг кас нашнид андар анбиё. З-он ки нури анбиё хуршед буд, Нури ҳисси мо чароғу шамъу дуд. Як бимирад, як бимонад то ба рӯз, Як бувад пажмурда, дигар бофурӯз. Ҷони ҳайвонӣ бувад ҳайй аз ғизо, Ҳам бимирад ӯ ба ҳар неку бадо. Гар бимирад ин чароғу тай шавад, Хонаи ҳамсоя музлам кай шавад? Нури ин хона чу бе ин ҳам бапост, Пас чароғи ҳисси ҳар хона ҷудост. Ин мисоли ҷони ҳайвонӣ бувад, На мисоли ҷони раббонӣ бувад. Боз аз ҳиндуи шаб чун моҳ зод, Дар сари ҳар равзане нуре фитод. Нури он сад хонаро ту як шумар, Ки намонад нури ин бе он дигар. То бувад хуршеди тобон бар уфуқ Ҳаст дар ҳар хона нури ӯ қунуқ. Боз чун хуршеди ҷон офил шавад, Нури ҷумла хонаҳо зоил шавад. Ин мисоли нур омад, мисл не, Мар туро ҳодӣ, адӯро раҳзане. Бар мисоли анкабут он зиштхӯ Пардаҳои гандаро барбофад ӯ. Аз луоби хеш пардай нур кард, Дидаи идроки худро кӯр кард. Гардани асб ар бигирад, бархурад В-ар бигирад пош, бистонад лагад. Кам нишин бар асби тавсан белагом, Ақлу динро пешво кун, вассалом. Андар ин оҳанг мангар сусту паст, К-андар ин раҳ сабру шиққи анфус аст.
18/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|