|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Каромоти нури шайх Абдуллоҳи Мағрибӣ, қаддасаллоҳу сирраҳуГуфт Абдуллоҳ шайхи мағрибӣ: «Шаст сол аз шаб надидам ман шабе. Ман надидам зулмате дар шаст сол На ба рӯзу на ба шаб, на з-эътилол». Сӯфиён гуфтанд: «Сидқи қоли ӯ Шаб ҳамерафтем дар дунболи ӯ. Дар биёбонҳои пур аз хору гав ӯ чу моҳи бадр моро пешрав. Рӯй пас нокарда мегуфтӣ ба шаб: Ҳин! Гав омад, майл кун дар сӯйи чап. Боз гуфтӣ баъди як дам сӯйи рост, Майл кун, зеро ки хоре пеши пост. Рӯз гаштӣ, пошро мо пойбӯс Гаштаву пояш чу поҳои арӯс. На зи хоку на зи гил бар вай асар, На-з хароши хору осеби ҳаҷар». Мағрибиро машриқӣ карда Худой, Карда Мағрибро чу Машриқ нурзой. Нури ин шамси шумусӣ форис аст, Рӯз хосу омро ӯ ҳорис аст. Чун набошад ҳорис он нури маҷид, Ки ҳазорон офтоб орад падид. Ту ба нури ӯ ҳамерав дар амон Дар миёни аждаҳову каждумон. Пеш-пешат меравад он нури пок, Мекунад ҳар раҳзанеро чок-чок. «Явма ло юхзи-н-набиййа» рост дон, «Нуру ясъо байна айдиҳим» бихон. Гарчи гардад дар қиёмат он фузун, Аз Худо ин ҷо бихоҳед озмун. К-ӯ бибахшад ҳам ба меғу ҳам ба моғ Нури ҷон, «валлоҳу аълам билбалоғ».
24/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|