|
|
|
|
Ният кардани ӯ, ки ин зар бидиҳам бад-он ҳезумкаш, чун ман рӯзӣ ёфтам ба каромоти машоих ва ранҷидани он ҳазумкаш аз замир ва нийяти ӯОн яке дарвеш ҳезум мекашид, Хаставу монда зи беша даррасид. Пас бигуфтам ман зи рӯзӣ фориғам, З-ин сабаб аз баҳри ризқам нест ғам. Меваи макрӯҳ бар ман хуш шудаст, Ризқи хосе ҷисмро омад ба даст. Чунки ман фориғ шудастам аз гулӯ, Ҳаббае чанд аст, ин бидҳам бад-ӯ. Бидҳам ин зарро бад-ин таклифкаш, То ду-се рӯзак шавад аз қут х(в)аш. Худ замирамро ҳамедонист ӯ, З-он ки шамъаш дошт нур аз шамъи ҳу. Буд пешаш сирри ҳар андешае Чун чароғе дар даруни шишае. Ҳеч пинҳон менашуд аз вай замир, Буд бар мазмуни дилҳо ӯ амир. Пас ҳамемунгид бо худ зери лаб Дар ҷавоби фикратам он булаҷаб. Ки чунин андешӣ аз баҳри мулук? «Кайфа талқа-р-ризқа ин лам ярзуқук?» Ман намекардам суханро фаҳм, лек Бар дилам мезад итобаш нек-нек. Сӯйи ман омад, ба ҳайбат ҳамчу шер, Танги ҳезумро зи худ бинҳод зер. Партави ҳоле, ки ӯ ҳезум ниҳод, Ларза бар ҳар ҳафт узви ман фитод. Гуфт: «Ё раб! Гар туро хосон ҳайанд, Ки муборакдаъвату фаррухпайанд. Лутфи ту хоҳам, ки миногар шавад, Ин замон ин танги ҳезум зар шавад». Дарзамон дидам, ки зар шуд ҳезумаш, Ҳамчу оташ бар замин метофт х(в)аш. Ман дар он бехуд шудам то дергаҳ, Чунки бо хеш омадам ман аз валаҳ. Баъд аз он гуфт: «Эй Худо, гар он кибор Бас ғаюранду гурезон з-иштиҳор, Боз инро банди ҳезум соз зуд, Бе таваққуф ҳам бар он ҳоле, ки буд». Дарзамон ҳезум шуд он ағсони зар, Маст шуд дар кори ӯ ақлу назар. Баъд аз он бардошт ҳезумрову рафт, Сӯйи шаҳр аз пеши ман ӯ тезу тафт. Хостам то аз пайи он шаҳ равам, Пурсам аз вай мушкилоту бишнавам. Баста кард он ҳайбати ӯ мар маро, Пеши хосон раҳ набошад омаро. В-ар касеро раҳ шавад, гӯ сар фишон, К-он бувад аз раҳмату аз ҷазбашон. Пас ғанимат дор он тавфиқро, Чун биёбӣ сӯҳбати сиддиқро. На чу он аблаҳ, ки ёбад қурби шоҳ, Саҳлу осон дарфитад он дам зи роҳ. Чун зи қурбонӣ диҳандаш бештар, Пас бигӯяд рони гов аст ин магар? Нест ин аз рони нов, эй муфтарӣ! Рони говат менамояд аз харӣ. Базли шоҳонаст ин бе ришвате, Бахшиши маҳз аст ин аз раҳмате.
29/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|