Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Ин ҷаҳон поку хубкирдор аст,
Он шиносад, ки дилаш бедор аст.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари чаҳорум

 
rumi

Тамомии ҳикояти он ошиқ, ки аз асас гурехт дар боғе маҷҳул, худ маъшуқро дар боғ ёфт ва асасро аз шодӣ дуъои хайр мекард ва мегуфт, ки «асо ан такраҳу шайъан ва ҳува хайрун лакум»

Андар он будем, к-он шахс аз асас
Ронд андар боғ аз хавфе фарас.
Буд андар боғ он соҳибҷамол,
К-аз ғамаш ин дар ано буд ҳашт сол.
Сояи ӯро набуд имкони дид,
Ҳамчу анқо васфи ӯро мешунид.
Ҷуз яке луқйа, ки аввал аз қазо
Бар вай афтоду шуд ӯро дилрабо.
Баъд аз он чандон ки мекӯшид ӯ,
Худ маҷолаш менадод он тундхӯ.
На ба лоба чора будаш, на ба мол,
Чашмпурру бетамаъ буд он ниҳол.
Ошиқи ҳар пешаеву матлабе,
Ҳақ биёлуд аввали кораш лабе.
Чун бад-он осеб дар ҷуст омаданд,
Пеши пошон мениҳад ҳар рӯз банд.
Чун дарафгандаш ба ҷустуҷӯйи кор,
Баъд аз он дар баст, ки кобин биёр!
Ҳам бар он бӯ метананду мераванд,
Ҳар даме роҷиву оис мешаванд.
Ҳар касеро ҳаст уммеди баре,
Ки гушодандаш дар он рӯзе даре.
Боз дар бастандашу он дарпараст
Бар ҳамон уммед оташпо шудаст.
Чун даромад хуш дар он боғ он ҷавон,
Худ фурӯ шуд по ба ганҷаш ногаҳон.
Мар асасро сохта Яздон сабаб,
То зи бими ӯ давад дар боғ шаб.
Бинад он маъшуқаро ӯ бо чароғ,
Толиби ангуштарӣ дар ҷӯйи боғ.
Пас қарин мекард аз завқ он нафас,
Бо санои Ҳақ дуъои он асас,
Ки зиён кардам асасро аз гурез,
Бист чандон симу зар бар вай бирез.
Аз авонӣ мар варо озод кун,
Ончунон ки шодам, ӯро шод кун.
Саъд дораш ин ҷаҳону он ҷаҳон,
Аз авониву сагияш вораҳон.
Гарчи хӯйи он авон ҳаст, эй Худо,
Ки ҳамора халқро хоҳад бало.
Гар хабар ояд, ки шаҳ ҷурме ниҳод,
Бар мусулмонон шавад ӯ зафту шод.
В-ар хабар ояд, ки шаҳ раҳмат намуд,
Аз мусулмонон фиганд онро ба худ.
Мотаме дар ҷони ӯ афтад аз он,
Сад чунин идборҳо дорад авон.
ӯ авонро дар дуъо дармекашид,
К-аз авон ӯро чунон роҳат расид.
Бар ҳама заҳру бар ӯ тарёқ буд,
Он авон пайванди он муштоқ буд.
Пас бади мутлақ набошад дар ҷаҳон,
Бад ба нисбат бошад, инро ҳам бидон.
Дар замона ҳеч заҳру қанд нест,
Ки якеро по, дигарро банд нест.
Мар якеро по, дигарро пойбанд,
Мар якеро заҳру бар дигар чу қанд.
Заҳри мор он морро бошад ҳаёт,
Нисбаташ бо одамӣ бошад мамот.
Халқи обиро бувад дарё чу боғ,
Халқи хокиро бувад он маргу доғ.
Ҳамчунин бармешумар, эй марди кор,
Нисбати ин аз яке кас то ҳазор.
Зайд андар ҳаққи он шайтон бувад,
Дар ҳақи шахсе дигар султон бувад.
Он бигӯяд: «Зайд сиддиқи санист»,
В-ин бигӯяд: «Зайд габри куштанист».
Зайд як зот аст, бар он як ҷунон,
ӯ бар ин дигар ҳама ранҷу зиён.
Гар ту хоҳӣ, к-ӯ туро бошад шакар,
Пас, варо аз чашми ушшоқаш нигар.
Мангар аз чашми худат он хубро,
Бин ба чашми толибон матлубро.
Чашми худ барбанд з-он хушчашм ту,
Орият кун чашм аз ушшоқи ӯ.
Бал к-аз ӯ кун орият чашму назар,
Пас зи чашми ӯ ба рӯйи ӯ нигар.
То шавӣ эмин зи сериву малол,
Гуфт: «Коналлоҳу лаҳ» з-ин зулҷалол.
Чашми ӯ ман бошаму дасту дилаш,
То раҳад аз мудбириҳо муқбилаш.
Ҳар чӣ макрӯҳ аст, чун шуд ӯ далел,
Сӯйи маҳбубат ҳабиб асту халил.

Саҳифаи 3/140
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари панҷум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj