|
|
|
|
Таҳризи Сулаймон алайҳиссалом мар расулонро бар таъҷил ба ҳиҷрати Билқис баҳри имонҲамчунон ки шаҳ Сулаймон дар набард Ҷазби хайлу лашкари Билқис кард, Ки биёед, эй азизон, зуд-зуд, Ки баромад мавҷҳо аз баҳри ҷуд. Сӯйи соҳил мефишонад бехатар, Ҷӯши мавҷаш ҳар замоне сад гуҳар. Ас-сало гуфтем, эй аҳли рашод, К-ин замон ризвон дари ҷаннат гушод. Пас Сулаймон гуфт: «Эй пайкон. равед Сӯйи Билқису бад-ин дин бигравед». Пас бигӯедаш биё ин ҷо тамом, Зуд, к- «инналлоҳа ядъу би-с-салом». Ҳин, биё, эй толиби давлат, шитоб, Ки футӯҳ аст ин замону фатҳи боб. Эй ки ту толиб найӣ, ту ҳам биё, То талаб ёбӣ аз ин ёри вафо.
30/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|