|
|
|
|
Сабаби ҳиҷрати Иброҳими Адҳам қаддасаллоҳу сирраҳу ва тарки мулки ХуросонМулк бар ҳам зан ту адҳамвор зуд, То бибинӣ ҳамчу ӯ мулки хулуд. Хуфта буд он шаҳ шабона бар сарир, Ҳорисон бар бом андар доругир. Қасди шаҳ аз ҳорисон, он ҳам набуд, Ки кунад з-он дафъи дуздону рунуд. ӯ ҳамедонист, к-он к-ӯ одил аст, Фориғ аст аз воқеъа, оминдил аст. Адл бошад посбони комҳо, На ба шаб чӯбакзанон бар бомҳо. Лек буд мақсудаш аз бонги рубоб Ҳамчу муштоқон хаёли он хитоб. Нолаи сурнову таҳдиди дуҳул, Чиз кай монад бад-он ноқури кул. Пас ҳакимон гуфтаанд, ин лаҳнҳо Аз давори чарх бигрифтем мо. Бонги гардишҳои чарх аст, ин ки халқ Месарояндаш ба танбуру ба ҳалқ. Мӯъминон гӯянд, к-осори биҳишт Нағз гардонид ҳар овози зишт. Мо ҳама аҷзои Одам будаем, Дар биҳишт он лаҳнҳо бишнудаем. Гарчи бар мо рехт обу гил шаке, Ёдамон омад аз онҳо чизаке. Лек чун омехт бо хоки кураб, Кай диҳанд ин зеру ин бам он тараб? Об чун омехт бо бавлу кумиз, Гашт з-омезиш мизоҷаш талху тез. Чиз кай аз об ҳасташ дар ҷасад, Бавл гираш, оташеро мекушад. Гар наҷис шуд об, ин табъаш бимонд, К-оташи ғамро ба табъи худ нишонд. Пас ғизои ошиқон омад самоъ, Ки дар ӯ бошад хаёли иҷтимоъ. Қуввате гирад хаёлоти замир, Балки сурат гардад аз бонгу сафир. Оташи ишқ аз навоҳо гашт тез, Ҳамчунон ки оташи он ҷавз рез.
31/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|