|
|
|
|
Ҳикояти он марди ташна, ки аз сари ҷавзбун ҷавз мерехт дар ҷӯйи об, ки дар гав буд ва ба об намерасид, то ба афтодани ҷавз бонги об бишнавад ва ӯро чу самоъи хуш бонги об андар тараб меовардДар нуғуле буд об, он ташна ронд, Бар дарахти ҷавз, ҷавзе мефишонд. Мефитод аз ҷавзбун ҷавз андар об, Бонг меомад, ҳамедид ӯ ҳубоб. Оқиле гуфташ, ки бигзор, эй фато! Ҷавзҳо, худ ташнагӣ орад туро. Бештар дар об меафтад самар, Об дар пастист, аз ту дур-дар. То ту аз боло фуруд ойӣ базӯр, Оби ҷӯяш бурда бошад то ба дур. Гуфт: «Қасдам з-ин фишондан ҷавз нест, Тезтар бингар, бар ин зоҳир маист. Қасди ман он аст, к-ояд бонги об, Ҳам бибинам бар сари об ин ҳубоб». Ташнаро худ шуғл чӣ бвад дар ҷаҳон? Гирди пойи ҳавз гаштан ҷовидон. Гирди ҷӯву гирди обу бонги об Ҳамчу ҳоҷӣ тоифи Каъбай савоб. Ҳамчунон мақсуди ман з-ин маснавӣ, Эй Зиёулҳақ Ҳусомуддин, тувӣ. Маснавӣ андар фурӯъу дар усул Ҷумла они туст, кардастӣ қабул. Дар қабул оранд шоҳон неку бад, Чун қабул оранд, набвад беш рад. Чун ниҳоле коштӣ, обаш бидеҳ, Чун гушодаш додаӣ, бигшо гиреҳ. Қасдам аз алфози ӯ рози ту аст, Қасдам аз иншояш овози ту аст. Пеши ман овозат овози Худост, Ошиқ аз машуқ ҳошо, ки ҷудост. Иттисоле бетакаййуф, биқиёс, Ҳаст раббунносро бо ҷони нос. Лек гуфтам носи ман наснос не, Носи ғайри ҷони ҷон ишнос не. Нос мардум бошаду ку мардумӣ? Ту сари мардум надидастӣ думе. «Мо рамайта из рамайта» хондаӣ, Лек ҷисме дар таҷаззӣ мондаӣ. Мулки ҷисматро чу Билқис, эй ғабӣ, Тарк кун баҳри Сулаймони набӣ! Мекунам лоҳавл, на аз гуфти хеш, Балки аз васвоси он андешакеш. К-ӯ хаёле мекунад дар гуфти ман, Дар дил аз васвосу инкороти зан(н). Мекунам лоҳавл, яъне чора нест, Чун туро дар дил ба зиддам гуфтанист. Чунки гуфти ман гирифтат дар гулӯ, Ман хамуш кардам, ту они худ бигӯ. Он яке нойии хуш най мезадаст, Ногаҳон аз мақъадаш боде биҷаст. Нойро бар кун ниҳод ӯ, ки зи ман, Гар ту беҳтар мезанӣ, бистон бизан». Эй мусулмон! Худ адаб андар талаб, Нест илло ҳамл аз ҳар беадаб. Ҳар киро бинӣ, шикоят мекунад, Ки фалон касрост табъу хӯйи бад. Ин шикоятгар бидон, ки бадху аст, Ки мар он бадхӯйро ӯ бадгу аст. З-он ки хушхӯ он бувад, к-ӯ дар хумул, Бошад аз бадхӯву бадтабъон ҳамул. Лек дар шайх он гила з-амри Худост, На пайи хашму мумороту ҳавост. Он шикоят нест, ҳаст ислоҳи ҷон Чун шикоят кардани пайғамбарон. Ноҳамулий анбиё аз амр дон В-арна ҳаммол аст бадро ҳилмашон. Табъро куштанд дар ҳамли бадӣ, Ноҳамулӣ гар бувад, ҳаст эзадӣ. Эй Сулаймон, дар миёни зоғу боз, Ҳилми Ҳақ шав, бо ҳама мурғон бисоз. Эй дусад Билқис ҳилматро забун, К- «иҳди қавми иннаҳум ло яъламун».
32/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|