|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Бақияи қиссаи аҳли Сабо ва насиҳату иршоди Сулаймон алайҳиссалом Оли Билқисро ҳар якеро андархури худ ва мушкилоти дину дили ӯ ва сайд кардани ҳар ҷинси мурғ замире ба сафири он ҷинси мурғ ва тӯъмаи ӯҚисса гӯям аз Сабо муштоқвор, Чун Сабо омад ба сӯйи лолазор. «Лоқати-л-ашбоҳу явма васлиҳо, Одати-л-авлоду савба аслиҳо. Уммату-л-ишқи-л-хафийи фӣ-л-умам, Мислу ҷуди ҳавлаҳу лувму-с-сақам. Зиллату-л-арвоҳи мин ашбоҳиҳо, Иззату-л-ашбоҳи мин арвоҳиҳо. Аййуҳа-л-ушшоқ! Ас-суқё лакум, Антуму-л-боқуна ва-л-буқё лакум. Аййуҳа-с-солуна қуму в-аъшиқу, Зока риҳу Юсуфа фастаншиқу». Мантиқу-т-тайри сулаймонӣ, биё, Бонги ҳар мурғе, ки ояд, месаро. Чун ба мурғонат фиристодаст Ҳақ, Лаҳни ҳар мурғе бидодастат сабақ. Мурғи ҷабриро забони ҷабр гӯ, Мурғи паришкастаро аз сабр гӯ. Мурғи собирро ту хуш дору муъоф, Мурғи Анқоро бихон авсофи Қоф. Мар кабӯтарро ҳазар фармо зи боз, Бозро аз ҳилм гӯву эҳтироз. В-он хуфошеро, ки монд ӯ бенаво Мекунаш бо нур ҷуфту ошно. Кабки ҷангиро биёмӯзон ту сулҳ, Мар хурӯсонро намо ашроти субҳ. Ҳамчунон мерав зи ҳудҳуд то уқоб Раҳнамо, «валлоҳу аълам би-с-савоб.
36/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|