|
|
|
|
Чора кардани Сулаймон алайҳиссалом дар иҳзори тахти Билқис аз СабоГуфт ифрите, ки тахташро ба фан Ҳозир орам, то ту з-ин маҷлис шудан. Гуфт Осаф: «Ман ба исми аъзамаш Ҳозир орам пеши ту дар як дамаш». Гарчи ифрит устоди сеҳр буд, Лек он аз нафхи Осаф рӯ намуд. Ҳозир омад тахти Билқис он замон, Лек з-Осаф, н-аз фани ифритиён. Гуфт: «Ҳамдуллаҳ бар ину сад чу ин, Ки бидидастам зи раббулъоламин». Пас назар кард он Сулаймон сӯйи тахт, Гуфт: «Оре, гӯл гирӣ, эй дарахт». Пеши чӯбу пеши санги нақшканд, Эй басо гӯлон, ки сарҳо мениҳанд. Соҷиду масҷуд аз ҷон бехабар, Дида аз ҷон ҷунбише в-андар асар, Дида дар вақте, ки шуд ҳайрону данг. Ки сухан гуфту ишорат кард санг. Нарди хидмат чун ба номавзеъ бибохт, Шери сангинро шақӣ шере шинохт. Аз карам шери ҳақиқӣ кард ҷуд, Устухоне сӯйи саг андохт зуд. Гуфт гарчи нест он саг бар қавом, Лек моро устухон лутфест ом.
38/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|